ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ёвон дар доираи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии ҷавонон вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони ҷаъоли ноҳия баргузор гардонид. Дар вохӯрӣ и.в. муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Солиҳов Маҳмадрасул, мудири шуъбаи кор бо занон ва ҷавонони Кумита Нозиров Хайём ва корманди маркази пешгирӣ ва мубориза бар зидди ВНМО (СПИД)-и ноҳия Саидов Эмомалӣ иштирок намуда, роҷеъ ба мавзуъҳои садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандӯстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизму ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омӯзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо