ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кории роҳбари намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 13.11.2018 дар маҳаллаи Бешкаппа-и ҷамоати деҳоти «Наврӯз»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯри дар мавзуи «Роғун ояндаи дурахшони миллат» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад намуда ибрози андеша намуд, ки ҳоло майдони сохтмони ин иншооти барои мамлакати мо тақдирсоз ба корзори заҳмати созанда, майдони Химмату ҷавонмардӣ, арсаи озмоиши нангу номус ва гузашта аз ин, ба ғояи миллии мо табдил ёфтааст. Роғун – ободиву сарсабзии имрўзу фардои Тоҷикистон, тараққиёти бесобиқаи саноату кишоварзӣ ва муҳимтар аз ҳама, рўшноиву гарми шабонарўзии ҳар хонадони мардуми мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо