ДУШАНБЕ. Санаи 12 ноябри соли равон вохӯрии Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дустзода Афзалшо дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо аъзоёни ТҶҶ ”Созандагони Ватан” баргузор гардид. Мақсад аз вохӯрӣ баланд бардоштани ҳисси хештаншиносиву худогоҳӣ, илмомӯзиву касбомӯзӣ ва ба ин васила дар роҳи хизмат ба халқу Ватан содиқ будан аст. Дустзода Афзалшо –Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ аз иншооти бузурги аср, дастоварди беназири даврони соҳибистиқлолӣ ва орзуву ормони миллати тоҷик НБО Роғун ибрози назар намуданд. Ва қайд намуданд, ки дар сохтмони НБО Роғун саҳми Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда бо талошу заҳматҳои халқи тоҷик бунёд гардида истодааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо