ШНТҶ. Тибқи ҷадвали баргузории мусобиқаҳои варзишии ТҶҶ "Созандагони Ватан"-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат бахшида ба Рӯзи Президент, Иҷлосияи 16-ум, кушодашавии чархаи аввали НБО-Роғун ва баҳри мустаҳкам кардани дӯстию рафоқат миёни ҷавонону наврасон ва солимии ҷомеа бозии дӯстонаи футболи хурд дар байни дастаҳои мунтахаби коллеҷҳои омору тиббӣ ва Литсейи касбии техникӣ барои дарёфти Ҷоми ТҶҶ "Созандагони Ватан" ба анҷом расид. Мусобиқаи варзишии мазкур бахшида ба идҳои болозикр ҷамъбаст карда шуд. Дар натиҷа дастаи мунтахаби Коллеҷи омори шаҳри Ваҳдат сазовори ҷойи якум гардид ва Коллеҷи тиббӣ ҷойи дуюмро ишғол намуд. Дармаросими ҷоизасупорӣ Раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Ваҳдат Руқия Раҳматзода ва раиси ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар шаҳри ВаҳдатМаъруфҷон Табаров иштирок ва суханронӣ намуда, Ҷоми ТҶҶ "Созандагони Ватан" "Сипоснома"-и Кумитаи иҷроияро бо тантана ба сардори дастаи мунтахаби Коллеҷи омор тақдим намуданд. Мақсад аз баргузории мусобиқаҳои варзишӣ гирифтани пеши роҳи нашъамандӣ, солимӣ ва дӯстию рафоқат миёни ҷавонону наврасон мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо