ХАТЛОН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Муъминобод рӯзи 9.11.2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумиии №30, ба номи Далиев Назар мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар»-ро бахшида ба рӯзи Рӯзи Президент, ва кушодашавии агрегати якуми Нерӯгоҳи барқи обии «Роғун» дар байни ҷавонони ноҳия баргузор намуд. Мақсад аз баргузории чунин чорабинӣ аз худ намудани барномаи омодагии дифои ҳарбӣ дар синфҳои болоӣ, тарбия намудани масъулиятнокӣ нисбат ба хониш, сифатҳои олии маънавӣ, ташабускорӣ ва худфаъолиятӣ, бародарӣ, дӯстиву тифоқӣ, ҷасорат, зиракӣ ва тобоварӣ мебошад. Дар охир раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Р.Ҳайдаров ба сухан баромада ҷавононро барои омухтани илмҳои замони муосир ва хизмат дар сафи Артиши миллӣ даъват намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо