ХАТЛОН. Тибқи нақшаи ТҶҶ «Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар саннаи 08.11.2018 дар колеҷи тиббии шаҳр таҳти унвони «Саломатӣ -ганҷи бебаҳо» бо омўзгорон ва донишҷуён хониши сиёсӣ баргузор гардид. Дар вохўрӣ мудири бахши ташкилӣ ва баҳисобгирӣ КИ ҲХДТ дар шаҳри Левакант Шаҳло Шомудинова ва роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳр Гуландом Ризомова иштирок доштанд. Сараввал мудири бахши ташкилӣ ва баҳисобгирӣ Шаҳло Шомудинова баромад намуда, иброз доштанд, ки солимии ҷавонон, ояндаи солимии кишвар ва яке аз омили муҳими рушди ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Дилхоҳ шахс танҳо дар ҳолати комилан солим будан метавонад ба қуллаҳои баланди зиндагӣ ва ба комёбиҳои назарас ноил гардад. Дар асл, солимӣ сарвати бебаҳост. Пас месазад, ки нисбат ба саломатии ҷавонон тавваҷуҳи хоса зоҳир намоем. Сипас роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳр Гуландом Ризомова баромад намуда, қайд карданд, ки шахсе, ки табиб мешавад, бояд маърифати баланд, дониши мукаммали касбӣ, лаёқати суханварӣ, дили пок дошта бошад. Бемор агар зан бошад ўро чун Модару хоҳар ва агар мард бошад, чун Падару бародар бидонад. Тавре Сарвари давлат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамояд : «Даврони истиқлол ба ҷавонони соҳибмаърифат, боистеъдоду лаёқатманд, дорои нангу номуси ватандорӣ ва худшиносии миллӣ ниёз дорад». Аз ин рў мо ҷавононро мебояд, бо дарки баланди масъулият ба ин боварии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Раиси муазами ҲХДТ мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сазовор бошем ва баҳри таҳкими Ваҳдати миллӣ ва пойдории давлатӣ азизамон- Тоҷикистон дар асл саҳмгузор бошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо