ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин вохурии навбатии худро бо ҷавонони фаъоли ноҳия таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост» вохурӣ анҷом доданд. Дар вохӯрии мазкур доир ба ватандорӣ ва дар руҳияи ватандустӣ ва хештаншиносӣ тарбият намудани насли ҷавону наврас ва таблиғу ташвиқи созандагиву бунёдкорӣ сурат гирифт. Роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳия Неъматов Абдулҷабор инчунин доир ба масъалаҳои мубрами рўз суханрони намуда ҷавононро ба зиракиву ҳушёрии сиёсӣ таъкид дошт. Қисмати интиҳои вохурӣ бо саволу ҷавобҳои ошкоро сурат гирифта ҷавонон аз баргузории чунин вохуриҳо изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо