СУҒД. Дирӯз дар шаҳри Душанбе озмун- фестивали ҷумҳуриявии навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон таҳти унвони «Ҷавонон созандагони Ватан» баргузор гардид. Дар озмун 9-нафар хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ – аъзоёни маҳфилҳои ихтироъкорон ва радиотехникаи Муассисаи таҳсилоти иловагии шаҳри Конибодом ширкат варзиданд. Аҳмадзода Аҳад яке аз аъзоёни маҳфили ихтироъкори ҷавон буда, ашёҳои ғайриоддӣ месозад. Дар ин озмун кори ихтироъкардаи худро бо номи «Моҳгард» дар назди Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон- Ҳикматуллозода ҳимоя намуд. Аҳад барои қобилияти баланди зеҳниаш бо ифтихорнома сарфароз гардонида шуд. Ҳамаи ин навоварони ҷавон-иштирокчиёни озмун фестивал бо тӯҳфаҳо қадрдонӣ шуданд. Ин гурӯҳи ихтироъкорон ва навоваронро директории Муассисаи таҳсилоти иловагӣ Иброҳимова Дилоромхон роҳбаладӣ намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо