ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони ватан» дар ноҳия Ховалинг вохурии навбатии худро бо ҷавонони ноҳия доир намуд. Сӯҳбатро бо сухани ифтитоҳӣ муовини раиси ТҶҶ «Созандагони ватан» дар назди ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг С. Алиев оғоз карда ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ ва экстремистӣ изҳори ақида намуд, ва суханро ба дод. Ҳамзамон дар вохурии мазкур қайд карданд, ки ҷомеи ҷаҳонро имрӯз чизе, ки ба ташвиш овардааст, ин хатари рӯз то рӯз инкишоф ёфтани терроризм ва экстремизм мебошад. Террористон имрӯз дар аксарияти давлатҳои ҷаҳон амалиётҳои ваҳшиёнаи худро ба анҷом расонида истодаанд, ки Тоҷикистон ҳам наметавонад аз мадди назари онҳо дур бошад. Ин вабои аср дар дилхоҳ вақт метавонад дар мамлакати мо амалҳои ғайриинсоро ба анҷом расонад. Чи гунае, ки ба наздики дар шоҳроҳи Кӯлоб-Душанбе дар ҳудуди ноҳияи Данғара амали террористи нисбати сайёҳони хориҷи бо дасти қотилони ТТЭ ҲНИ ба анҷом расонида шуда буд, мо сокинони кишвар хусуан ҷавононро ҳушдор намуд, ки аз вазъи имрӯзаи Тоҷикистон ва ҷаҳон бохабар бошем, ва барои мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм доимо дар ҳолати омодагӣ бошем ва нагузорем ки пои нохалафи душманони миллати тоҷик ба ин сарзамин расад . Порчаи шеъри аз эҷодиёти шоири ин диёри зебоманзар Ғ. Мирзо бисёр ба мақсад мувофиқ аст.
Ҷон ба раҳи ватан нисор ман накунам, ки мекунад ?
Дил ба раҳи ватан фигор ман накунам, ки мекунад ?
Мо ҷавонон пандҳои гузаштагонамонро бояд сармашқи кори худ қарор дода , барои ҳомии асосии ин ватан , содиқӣ ин сарзамин, ворисӣ гузаштагон шуданамон тамоми қувва ва нерӯи худро ба харҷ дода Тоҷикистони азизамонро бозҳам зебову гул-гул шукуфо намоем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо