ХАТЛОН. Дар асоси нақша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни ҷавонони деҳаи Замини нави Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 65 нафар ҷованон вохeрии судманд вобаста ба моҳият ва аҳамияти ҳуқуқии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, дар рафти суханрониаш иброз намуд, ки: Конститутсия шаҳодатномаи миллат аст.(Э.Раҳмон). Гуфтаи зерини Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомали Раҳмон беасос нест. Зеро маҳз Конститутсия тарзи давлату давлатдорӣ, сохторҳои асосии давлатӣ, низоми идоракунии давлатӣ ва дигар масъалаҳои муҳими давлативу сиёсиро ба танзим медарорад. Таввассути Конститутсия тамоми муносибатҳои ҷамъятӣ танзим гардида, ҳуқуқ ва озодиҳои инсону шаҳрванд кафолат дода мешаванд. Доштани Конститутсияи ягона яке аз аломатҳои давлати ягона ба шумор меравад. Чунки дар қаламрави давлат аз Конститутсия дида ягона санади ҳуқуқии дигари баробар эътибор вуҷуд надорад.
Таърих гувоҳ аст, ки Конститутсияи имрузаи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистон дар вазъияти номутташаниҷи сиёсӣ қабул карда шудааст. Агар ба таърихи Конститутсияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон назар афканем ба мо маълум мегардад, ки дар Тоҷикистон то ба имруз 5 маротиба Конститутсия қабул карда шудааст ва ба он 3 маротиба таuйироту иловаҳо ворид карда шудааст. Аммо дар таърихи тоҷикон Конститутсияи имрeзамалкунанда Конститутсияе мебошад, ки Тоҷикистонро давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ эълон кард.
Дар фарҷом ба суолҳои аҳли толор вобаста ба Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобҳои мушаххас гардониданд
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо