ШНТҶ. 4 ноябри соли 2018 бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон “Созандагони Ватан” ва Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо мақсади тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим дар байни ҷавонон мусобиқаи варзишӣ байни наврасону ҷавонон аз намуди каратэ-кёкшинкай, бахшида ба рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мактаби варзишии шаҳри Ҳисор ба номи Абдуманнон Зокиров баргузор гардид. Дар мусобиқаи мазкур 60 нафар ҷавонону наврасони аз синни 8 то 21 сола аз рӯи шаш категорияи вазн иштирок намуда 24 нафарашон соҳиби ҷойҳои намоён гардиданд. Дар рафти мусобиқа иштирокчиён омодагӣ ва маҳорати хуби варзишӣ намоиш доданд, ки ин бевосита аз таҷрибаву малакаи бойи мураббиён гувоҳӣ медиҳад. Дар ҷамъбасти мусобиқа Раиси Кумитаи иҷроия ҲХДТ дар шаҳри Ҳисор Фаррух Аловиддинов оид ба мақсад ва ҳадафи баргузории мусобиқа суханронӣ намуда, ба ғолибон тӯҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо