ХАТЛОН. Бо мақсади ҷалби ҷавонон ба тарзи ҳаёти солим рўзи 17 октябри соли равон бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон дар толори варзишии Коллеxи технологӣ ва фарматсевтии Тоxикистон мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол баргузор гардид, ки дар он намояндагони ҷавонони литсеҳои касбию техникӣ ва коллеxҳои ноҳия иштирок ва қувваозмоӣ карданд. Дар марҳилаи имрўзаи рушди ҷомеа саҳми ҷавонон басо назаррас аст. Ҷавонон унсури таркибии ҳастии миллат ва рукни бунёдии мафкураи миллианд. Фаъолияти ҳамарўзаи ҷавонон бояд ба манфиатҳои миллӣ мувофиқ ва ҷавобгўй бошанд. Вазифаи аввалиндараҷаи аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама ҷавонон мустаҳкам намудани мафкураи миллӣ дар рўҳияи ватандўстиву ифтихори миллӣ, садоқат ба анъанаву суннатҳои таърихиву фарҳангии миллат ва эҳтиром ба арзишҳои умумибашарӣ мебошад. Ҷавонон бояд солиму бардам, соҳибилм, эҷодкор, бомаърифат, бофарҳанг, меҳнатдўст ва солимфикр бошанд. Боиси таасуф аст, ки имрўз баъзе ҷавонону наврасон аз рўйи нодониву камхирадӣ ва гоҳо аз рўйи ҳавову ҳавас ба имони падарону бобоёни худ хати батлон кашида, ба мазҳабҳои бегонаву ифротгаро гаравида истодаанд, ки ин падида оқибати хуб надорад. Ин тоифа ҷавонон бояд дарк намоянд, ки ба доми шайтанати ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ афтодаанд ва ин ҳизбу ҳаракатҳо ба дасти душманони ислом таъсис ёфта, мактаби фитнабозию тафриқаангезиро ҳар рўз бо роҳу усулҳои нав ба нав ривоҷу равнақ дода истодаанд. Мақсади онҳо яктост: ҷудоиндозӣ миёни мусулмонон ва барафрўхтани оташи ҷанг дар байни зодагони як миллату мазҳаб. Пўшида нест, ки миллати тоҷик дар давоми асрҳо бо пешниҳоди ақидаҳои таҳаммулгароёнаи худ қаламрави дини мубини исломро васеътар намудааст. Аз ин рў, ҷавононро зарур аст, ки рисолати таърихӣ ва инсонии миллати номдори худро идома дода, барои аз байн бурдани андешаҳои зиддиинсонӣ ва зиддидинӣ саъю талош намоянд. Мутаасифона, насли наврас ва ҷавонони мо дар шароити имрўза ба хондану омўхтани илмҳои замонавӣ ва технологияи муосир камтар шавқу ҳавас доранд. Бояд бидонем, ки камсавод мондани ҷавонону наврасон сабаби пайдоиши таассубу ифротгароӣ ва ба чунин ҳаракатҳои ифротгаро пайвастани онҳо мегардад. Ҷавонони азиз ҳам дар навбати худ бояд ба таҷрибаи таърихӣ ва суннатии халқу миллати худ такя намуда, кўшиш намоянд, ки даврони пуршўри ҷавониашонро ба ғафлат пушти сар накунанд. Онҳоро зарур аст, ки дар баробари азхуд намудани касбу ҳунарҳои муосир ахлоқу одобашонро бо панду насиҳати пирони рўзгордида ороста гардонанд. Хоҷа Ҳофиз барҳақ фармудааст:
Ҷавоно, сар матоб аз панди пирон,
Ки ройи пир аз бахти ҷавон беҳ.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо