ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Муъминобод дар асоси нақшаи чорабиниҳо КИ ҲХДТ дар ноҳия бо ҷавонони ноҳияи бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвонии «Садоқат ба Ватан мароми мост» суҳбат доир гардид. Дар суҳбат раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и назди КИ ҲХДТ дар ноҳия Р.Ҳайдаров, сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷамахони Бобохон иштирок ва суханронӣ намуданд. Сипас Сармутахассиси бахши ҷавонон Ҷамахони Бобохон оиди аз байн бурдани таасуби диннӣ аз хурофотпарастӣ, баландбардоштани сатҳи огоҳии мардум аз хатари терроризму экстримизм ва роҳҳои пешгири аз он, пешгири аз бегонапарастиву майл ба фарҳангӣ бегона, пешгири аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ ва ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонаги ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу суббот, амнияти кишвар баромад намуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо