ХАТЛОН. Намоянадгии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Ҳамадонӣвохурии навбатии худро бо ҷавонони деҳаи Навободи Ҷамоати деҳоти Меҳнатобод бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост!» шуда гузашт. Дар рафти вохўрӣ Муродали Шамсов ба толибилмон дар бобати Таъсиси Артиши Миллӣва масъулияти хештаншиносии ҷавонон сухан ронд. Набояд ҳар як фарди Ватандўсту хештаншинос аз хизмат ба Ватан даст кашад. Агар марзу буми мо амн бошад пас модарону хоҳарон ва хонаи мо низ амн аст. Хизмат ба Ватан ва ҳимояи марзу буму ҳар хору хаси он, ки ин қарзи ҳар як ҷавони баору номус мебошад шараф аст таъкид намуд Муродали Шамсов ба ҷавонон.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо