ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Вахш таърихи 31.10.2018 дар маҳаллаи Зархези ҷамоати 20 Солагии Истиқлолияти Тоҷикистон суҳбату вохурии худро бо ҷавонони маҳаллаи мазкур дар мавзуи «Конститутсия- бахтномаи Миллат» доир намуд. Дар вохӯрии мазкур рохбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» - и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Худойдод Ёров ба сухан баромада қайд намуданд, ки Конститутсия шоҳсутун, бахтномаи Миллат ва тақдирсози имрўзу фардои давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик маҳсуб меёбад.Ҳифз ва риоя кардани он барои ҳар як фард қарзи шаҳрвандӣ аст. Ин санади тақдирсоз ҳамчун шаҳодатномаи адолатхоҳи бунёдкорӣ, ваҳдатталаби Тоҷикистон аст.Бесабаб нест, ки Конститутсияро бахтномаи миллат низ ном мебаранд ва ҳар шахс вазифадор аст, ки ҳар банди онро риоя кунад, ҳуқуқу озодӣ, шарафу номуси дигаронро эҳтиром намояд.Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем ба ҳадафи ниҳоии худ,яъне бунёди давлати аз ҳар ҷиҳат пешрафта ва мардумони дорои зиндагии шоиста бирасем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо