СУҒД. Дар доираи нақшаи ҳафтаинаи баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва Ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳияи Ҷаббор Расулов ва ҷадвали баргузории сӯҳбату вохӯриҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо иштироки мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов – Набиев Шерзод ва мутахасиси КИН ҲХДТ – Худоёров Раҳматулло санаи 30-юми октябри соли ҷорӣ бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, тартиби одоби ҳамидаи инсонӣ бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №6-и Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ таҳти унвони «Аз байн бурдани таасуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷавонон» баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИН ҲХДТ ва роҳбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод дар баромади худ оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирии хурофоту бегонапарастӣ, риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву руҳияи баланди худогоҳии милӣ, соҳибкасбу соҳибҳунар будани ҳар як шахси ҷомеа, нигоҳ доштани дастовардҳои истиқлолият, тинҷиву оромии ватани азизу миллатамон ва дигар масъалаҳои мубрами рӯз андешаронӣ кард.
Дар фарҷоми вохӯрӣ саволу ҷавоби озодона баргузор гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо