ХАТЛОН. Тибқи нақшаи намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҳамадонӣ масъулин вохӯрии навбатии худро бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти Меҳнатободи ноҳия бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост!» баргузор намуданд. Муродали Шамсов барои ҷавонон хотиррасон намуд, ки ифротгароӣ ва хурофотпарастӣ сарчашмаи ҷаҳолату торикӣ буда, ба миллат ва мардуми тоҷик танҳо бадбахтӣ меорад ва барои рушду тараққиёти ҷомеаву давлат монеаи ҷиддӣ эҷод мекунад. Дар шароити ҷомеаи муосир яке аз роҳҳои асосии тарбияи ҷавонон ва эмин нигоҳ доштани онҳо аз таъсири ҳар гуна омилҳои номатлуб ба шуғл ҷалб кардани онҳо мебошад. Зимни вохўрӣ Муродали Шамсов дар охир ба ҷавонон таъкид намуд, ки онҳо бояд илмҳои замони муосирро омўзанду ҳаряки онҳо соҳиби илму аърифат шаванд, то ба наслҳои оянда аз худ номи нек боқӣ гузоранд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо