ШНТҶ. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди шӯравӣ дар кишварҳои мустақили минтақаи Осиёи Марказӣ, фазои холии идеологӣ ба вуҷуд омада, ихтилоф дар байни ҳизбу харакатҳои гуногуни навзуҳур зери шиорҳои демократияву озодӣ ва дину мазҳабу фирқаву маҳал рӯ ба афзоиш овард. Тақвият ёфтани ташкилотҳои радикалии исломӣ ва террористӣ, ки истифода аз эътиқоди динӣ, тарсондан ва хушунатро ҳамчун як воситаи муҳим барои татбиқи манфиатҳои худ пайгирӣ мекарданд, боиси нигарониҳои ҷиддӣ гашт. Аз ин лиҳоз, санаи 31 октябри соли 2018 аз тарафи кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ва фаъолони НТҶҶ “Созандагони Ватан”-и шаҳри Ҳисор бо ҷавонписарон ва ҷавондухтарони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №№15, 25, 56 ва 53-и Ҷамоати деҳоти Сомони шаҳри Ҳисор оид ба мавзўи пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ ва огоҳонидани ҷавонон аз паёмадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ вохӯриҳо гузаронида шуд. Дар рафти вохӯриҳо оиди 17 ташкилотҳои террористиву экстремистие, ки фаъолияташон дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст ба ҷавонон пурра фаҳмонида дода шуд. Дар тақвияти гуфтаҳои боло месазад қайд намоем, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон моро аз вазъияти ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хатарҳои он ба истиқлолияти давлатӣ ҳануз соли 2006 дар китоби худ “Тоҷикон дар оинаи таърих” ҳушдор дода буданд. Дар ин китоб ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хоса миллати тоҷикро аз терроризму экстремизм, вусъати бесобиқаи бархурди манофеи абарқудратҳо барои аз нав тақсим кардани ҷаҳон, низоъҳои ақидавию мазҳабӣ, ифротгароии динӣ, тарғиби ғояҳои тахрибкориву зӯроварӣ ва ҷангу куштор, ки ҳамаи ин аз заиф шудани вазъи ҳуқуқи байналмиллалӣ шаҳодат медиҳад, бохабар сохта буданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо