СУҒД. Дар МТМУ№56-и Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасан вохурии кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент оиди пешгирии ҷинояткорӣ дар байни ҷавонону наврасон, пешгирӣ аз шомилшавиии ҷавонон ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ ва пешгири аз бемории сироятии ВИЧ\СПИД инчунин дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» бо устодону хонандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид. Тошева Парвина муовин- мудири шӯъбаи кор бо занони КИ ҲХДТ дар шаҳри Панҷакент оиди Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» пешгирии падидаҳои номатлуб аз ҷумла гаравиши ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сухан ронда зикр намуд, ки сабабу омилҳои гаравиши шаҳрвандон, хусусан ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифроти хело зиёданд, аммо беш аз ҳама ин ноогоҳӣ аз авзои сиёсии ҷаҳон, дарк накардани хатари ифротгароӣ, зудбоварӣ, ба доми фиреб ва таъсири одамони тасодуфӣ афтидан, соҳиби пули муфт гаштан ва аз ҳама асосӣ- надоштани донишҳои кофии диниву дунявӣ мебошад. Инчунин Тошева Паевина зикр намуд, ки бемориҳои сироятии ВНМО ПИЧ\СПИД, вируси норасоии масунияти одам яке аз масъалаҳои муҳим ва ҳалталаби замон буда, таъсири манфии он на танҳо ба соҳаи тандурустӣ, балки ба иқтисодиёту иҷтимоиёти кишварҳои ҷаҳон ҳисороти зиёде ба бор овардааст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо