CУҒД. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» бахшида ба даъвати тирамоҳии ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ рӯзи дарҳои кушодро таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем» дар қисми низомии №04533 баргузор намуд, ки дар он зиёда аз 400 нафар ҷавонон - хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ иштирок карданд. Ҷамъомадро бо сухани ифтитоҳи муовини командири рота оид ба корҳои сиёсӣ-тарбиявӣ Санҷар Эгамов ҳусни оғоз бахшид. Сипас дар назди иштирокчиён иҷрокунандаи вазифаи раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан Илҳомҷон Зокиров дар мавзӯи «Ҷавонон созандагони Ватананд» баромад кард. Сипас сармуҳаррири нашрияи «Афкори халқ» М. Абдуваҳҳобова, сармутахассиси раёсати маорифи шаҳр Д.Шарифов, сарбози қаторӣ Д.Умурбоев, сарбозони хизматро ба охир расонида серҷанти калон М.Шофозилов, серҷант А.Абдуқодиров, дорандаи медали «Марзбони шуҷоъ» Ф.Султонов баромад карда, аз ҷавонон даъват ба амал оварданд, ки барои ҳимояи марзу буми кишварамон ҳамеша омода бошанд. Хусусан, баромади Ф.Султонов ба ҷавонон таассуроти амиқе боқӣ гузошт. Ӯ аз саҳифаҳои рангини давраи хизматаш дар қисми сарҳадии Қувваҳои мусаллаҳ чӣ тавр сарфароз гаштанаш бо медали «Марзбони шуҷоъ» ба ҳозирин ҳикоя кард. Сипас байни ҷавонон ва сарбозон сӯҳбати гарму самимӣ ва мусобиқаҳои варзишӣ барпо гардид. Ҷавонон бо шароити зисти аскарон, рафти хизмати онҳо аз наздик шинос гаштанд. Ин вохӯрии ҷолиб дар ниҳоди ҷавонон – иштирокчиёни ҷамъомад ҳисси баланди ватандӯстиро бедор кард. Аз симои ҳар як иштирокчӣ аён буд, ки онҳо орзуи хизмати содиқонаи Ватанро дар замири қалби худ бори дигар қавитар ҷой доданд. Баъдан ба сарбозон ва афсароне, ки дар хизмати Ватан намунаи ибрат нишон дода истодаанд, Сипосномаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Истаравшан супорида шуд. Дар охир баҳри болидахотирии сарбозон ва толибилмон аз ҷониби сарояндагони бахши фарҳанги МИҲД-и шаҳр сурудҳо сароида шуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо