СУҒД. Бо мақсади мусоидат намудан дар муташаккилона доир гардидани маъракаи даъвати тирамоҳии сарбозон ва тарбияи ҳарбӣ - ватандӯстии ҷавонон, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон, тибқи нақша ва барқияи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Суғд аз 25 сентябри соли равон таҳти рақами № 23, аксия таҳти унвони «Мо ҷавонон ҳомиёни ин Ватанем» ва дар мувофиқа бо сардори қисми ҳарбии шаҳраки Зарнисор чорабинии «Дарҳои кушод» баргузор намуд. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон ва аъзоёни ТҶҶ «Созандагони Ватан» ба қисми ҳарбӣ ташриф оварда, аз зисту зиндагонӣ, хобгоҳ, ошхона, китобхонаи қисми ҳарбӣ дидан намуданд. Раиси Кумиҷроия Ҷамолиён Муслимахон оид ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухаронӣ намуда, ба сарбозон суханронии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон бармеояд ибрози сухан кард. Бо дар назардошти саҳми ҷавонон дар рушди ҷомеа ва иштироки фаъолонаи онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодии мамлакат соли 2017 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон карда шуда буд. Тавре Президенти кишвар изҳор доштанд: «Татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон аз рӯзҳои нахустини соҳибистиқлолӣ дар меҳвари фаъолияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аксарияти аҳолии Тоҷикистонро ҷавонон ташкил дода, онҳо давомдиҳандаи кору фаъолияти насли калонсол, нерӯи созанда ва иқтидори воқеии пешрафти ҷомеа ва ояндаи миллат ва давлат мебошанд». Сарвари кишвар изҳор доштанд, ки имрӯзҳо дар тамоми соҳаҳои иқтисоди миллии мамлакат, инчунин, дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ ҷавонони бонангу номус содиқона хизмат ва кору фаъолият доранд ва дар рушди иқтисоди миллӣ ҳиссаи назаррас гузошта истодаанд. Ҷавонон бояд сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянд.
Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Гулистон боварии комил дорад, ки ҷавонони зодаи Истиқлолият барои обо¬дии диёри азизи номдор Тоҷикистон, боло рафтани обрӯю нуфузи он дар ҷаҳони имрӯза аз фарзанди фар¬зонаи Тоҷикистон Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифта, барои Ватан содиқона хизмати арзанда хоҳанд кард.
Дар поёни чорабинии «Дарҳои кушод» маҳорати ҷангии сарбозони қисми ҳарбӣ ба ҷавонон ва ТҶҶ «Созандагони Ватан» намоиш дода шуд. Ба қисми низомӣ барои баланд бардоштани маънавиёти сарбозон 100 дона китобҳои бадеӣ бо забони тоҷикӣ, забони русӣ ва забони узбекӣ ва инчунин оинаи нилгун тақдим карда шуд.
Сипас, волидони сарбозон аёдат карда шуда, ба онҳо маводҳои хӯрока аз қабили орд, гурунҷ, макарон, равған, қанди сафед, чой ёрӣ расонида шуд. Шахсони аёдаткардашуда ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои чунин ғамхориҳо арзи сипосгузорӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо