ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» бо ҷавонони деҳаи Файзободи Ҷамоати деҳоти Даштигуло таҳти унвони «Садоқат ба Ватан мароми мост!» вохӯрии судманд гузарониданд. Дар рафти вохўри Моҳира Одинаева дар бобати Нақш ва иштироки наврасону ҷавонон дар тарғиби ғоя ва арзишҳои миллӣ сухан ронда миёни толибилмон даъват ба амал овард, ки бояд ҷавонони босаводу соҳибистеъдоди мо аз як гиребон сар бароранду саҳми босазою назарраси хешро барои гугулшукуфоии ин Ватани азизу маҳбубамон, ки номаш Тоҷикистон аст гузоранд.Дар охири суҳбат қайд намуд, ки Ҷавонони мо бояд ба фикру ақидаи созандаи худ миёни ҷавонони дигар кишварҳои олам фақунанда бошанд ва ҷавонони созандаи кишвар гарданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо