СУҒД. Рӯзи гузашта тибқи нақша-чорабинии шуъбаи кор бо ҷавонон ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ашт бо мақсади огоҳонидани ҷавонон аз паймадҳои хатаровари фаъолияти ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мамнуъ ва фаъол гардонидани ҷавонон дар роҳи мубориза ба онҳо бо ҷавонони ҷамоати деҳоти Ориён вохӯрӣ баргузор гардид.
Мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Рузиматов Д. зимни баромади хеш зикр намуд, ки аз оғози ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба яке аз мушкилоти ҷиддиву тақдирсоз-таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ дучор гардид. Авҷи хатари терроризм ва экстремизм ин ҳодисаҳои марбут ба ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвари мо дар солҳои 1992-1997 мебошад. Маҳз фитнаҳои Ташкилоти экстремистиву террористии ҲНИ ва фирефта шудани ҷавонон ба иғвоҳои онҳо боис гардид, ки ба ҳисоби расмӣ 160 000 сокини кишвар ҳалок шуда, ҳазорҳо нафар кӯдакон ятим гаштанд,ҳазорҳо нафари дигар аз гуруснагӣ ва истеъмоли ҳар гуна донагиву гиёҳҳо ба ҳалокат расиданд. Бо вуҷуди ҳамин гуна таҷрибаҳои талхи ҳаётӣ ҳанӯз ҳам ҳастанд бадхоҳони миллат,ки дини ҷавононро бар зидди ҷавонон истифода бурда мехоҳанд ва тавре таршиб мекунанд, ки бо сӯистифода аз дин ҷавононро зидди давлату зидди ҳамдигар шӯронанд. Аммо миллати тоҷик ин фиребро дубора намехӯрад. Аллакай ҷавонон раванди ҳодисаву воқеаҳо ва ҳамзамон тағйиротҳоро дар сиёсатӣ ҷаҳонӣ бо чашми сар дида истодааст. Дар чорабинии мазкур зиёда аз 80 нафар толибилмон ба сӯҳбат дар бар гирифта шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо