ДУШАНБЕ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фирдавсӣ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан” мусобиқаи варзишӣ оид ба волейбол миёни ҷавонону бонувон барои дарёфти “Ҷоми Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе”-ро бахшида ба Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъбаст намуданд. Мусобиқа дар Литсейи сохтмонии шаҳри Душанбе идома ёфта, ғолибон мувофиқи ҳунару маҳорати хеш баҳои ҳакамонро сазовор гардиданд. Дар бозии ниҳоӣ дастаҳои “Информатика”-и Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе, “Муҳандисӣ”-и Коллеҷи омӯзгорӣ ва муҳандисӣ, “Сохтмонӣ”-и Литсейи сохтмонии шаҳри Душанбе миёни 7 дастаи волейбозон дар ин мусобиқа маҳорати хуби бозии волейболро нишон додаанд. Ҳамин тариқ, дастаҳои “Информатика” сазовори ҷойи якум, “Муҳандисӣ” ҷойи дуюм, ва “Сохтмончӣ” сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Ғолибони мусобиқаи варзишӣ бо тӯҳфаҳои омоданамудаи Кумитаи иҷроияи ҳизбии ноҳияи Фирдавсӣ қадрдонӣ гардиданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо