ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохурии навбатии худро бо ҷавонони деҳаи Баҳористон, ҷамоати деҳоти Қ,Ғиёсови бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохурӣ ва мулоқот баргузор намуд.
Зимни вохўрӣ Самадзода Саёҳат ибрози ақида намуд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ, садоқат ба ватану миллат, инчунин рафти иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дуруст истифода бурдани техникаву технологияи муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти мубориза бо нашъамандиву нашъаҷаллобӣ дар байни ҷавонон, баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, вазифаи ҳар як шахси ватандўсту меҳанпараст ба ҳисоб меравад. Ҳамчунон Мирзоев Холмурод – муовини раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози ақида намуда зикр кард, ки дар воқеъ, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон аз 22.12.2017 барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣ ва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо