ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ вохурии навбатии худро бо ҷавонони фаоли ноҳия дар мавзуи «Садоқат ба Ватан мароми мост» доир намуд. Зимни вохурӣ қайд карда шуд, ки ҳар яки мо ҷавонони даврони соҳибистиқлол бояд шукрона аз ин тинҷиву амонӣ, аз ин Ватани озоду соҳибистиқлол намуда, баҳри гулгулшукуфоӣва рушду нумуи он саю талош намом. Ҳамчунон Ҷамоллиддини Маҳмашариф – муовини раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ибрози ақида намуда зикр кард, ки воқеан Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, барои ҷомеа ва дар алоҳидагӣ, барои ҳар яки мо роҳнамоест дар самти созандагиву бунёдкорӣва бо инобати ин Пешвои миллатамон, соли 2018-ро ҳамчун «Соли рушди сайёҳӣва ҳунарҳои мардумӣ» эълон доштанд. Дар охир раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо колективи омўзгорон вохўрӣнамуда қайд намуд, ки тарбияи насли наврас дар руҳияи ватандўстиву меҳанпарастӣ, садоқат ба Ватану миллат, иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», дуруст истифода бурдани техникаву техналогияи муосир, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, вазифаи мову шумо омўзгорони муҳтарам ба ҳисоб меравад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо