ШНТҶ. Санаи 29 октябри соли 2018 намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии чавонон “Созандагони Ватан” ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Ҳисор бо ҷавонписарон ва ҷавондухтарони деҳоти Ҳисор оид ба масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум дар мавриди хатари терроризму экстремизм бо мақсади пешгирӣ аз ҷалби шаҳрвандон ба ташкилотҳои экстремистиву террористӣ ва даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор намуд.
Баланд бардоштани фарҳанги сиёсии ҷавонон, ҷалби ҷавонон ба чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ, касбомӯзӣ ва баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, ки ҷавонон ояндасози миллатанд, яъне аз ҳадафҳои асосии ТҶҶ “Созандагони Ватан” мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо