ХАТЛОН. Дар асоси чадвали баргузории сухбату вохурихои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан » - и Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш санаи 26.10.2018 дар махаллаи Пахтакор Чамоати 20- солагии Истиклолияти Точикистон сухбату вохури бо чавонон, хонандагону омузгорони дехаи мазкур дар мавзуи «Баланд бардоштани маърифат ва масъуляти шахрвандон бо максади пешгири аз пахншавии беморихои сирояти» гузаронида шуд. Дар вохурии мазкур рохбари намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар нохия Ёров Худойдод ибрози андеша намуд, ки дар мачмуъ беморихои сирояти ба ду гурух таксим мешаванд: табобатшаванда, ки тахдидашон ба хаёт пасттар ва табобатшаванда бо тахдиди марги ногузир.Гурухи аввалро, беморихои мавсими ва гузаранда аз кабили зуком, домана, зардпарвин, дарунрави, исхоли хун, сил ва гайра ташкил медихад. Як кисми ин беморихо ба воситаи оби ифлос ва мухити нопок пахн мешавад. Гузариши ин беморихо тавассути микро бактерия ва вирусхо ба амал меояд. Тамоми беморихое, ки аз зери назар дур мемонад ва дар сари вакт барои пешгирии пахншавии он тадбирхои мушаххас намеандешанд, ба саломатии одамон хатари чиддро ба миён оварда, дар баъзе мавридхо оддитарин беморихо сабабгори марги инсонхо мегардад.
Инчунин, бемории Гепатити С, тавассути хун мегузарад, яке аз беморихои хатарнок буда, инсон дар як-ду мохи сироятёби худаш инро хис мекунад, аммо дар айни замон ба манбаи пахнкунандаи он табдил меёбад. Дар дунё 150 млн одам гирифтори Гепатити С мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо