СУҒД. Бо ташаббуси ТҶҶ « Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Конибодом ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои ТҶҶ « Созандагони Ватан»- и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд бо мақсади мусоидат дар муташаккилона баргузории маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрӣ бо хонандагони МТМУ № 25 доир карда шуд. Дар вохўрӣ мудири шўъбаи кор бо ҷавонони КИШ ҲХДТ Акмал Шарипов баромад намуда, аз ҷавонон даъват ба амал овард, ки хизмат ба Модар –Ватанро қарзи фарзандии худ ҳисобида, аз хизмат ба Ватан саркашӣ накунанд.Зеро муҳофизати марзу бум вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонанги кишвар ба ҳисоб меравад. Инчунин дар вохӯрии мазкур паҳлӯҳои бурду бохти ҷавонон дар даврони Истиқлолият муҳокима карда шуда, ба саволҳои онҳо ҷавобҳои мушаххас дода шуд.
Дар охир ҷавонон миннатдорӣ аз вохӯри намуда, ваъда доданд, ки муасисаи худро бо донишу хубу аъло хатм намуда,бо ақлу заковати худ ба Ватани худ содиқона хизмат мекунанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо