ДУШАНБЕ. Бо ибтикори Кумитаи иљроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур бо мақсади татбиқи амалии Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҳти №406 аз 27 – уми майи соли 2017 “Дар бораи Барномаи рушди футбол дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2017-2021”, ҷиҳати ташаккули тарзи ҳаёти солим, обутоби ҷисмонӣ, бедор кардани ҳуввияти миллӣ ва завқи ҷавонон ба варзиш бахшида ба “Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон” мусобиқаи варзишї оид ба футболи хурд байни дастаҳои футболи шаҳраку маҳаллаҳои ноҳия роҳандозӣ карда шуд. Мутобиқи низомнома тартиби баргузории мусобиқаи футболи хурд мусобиқаҳои мазкур дар майдончаҳои варзишии шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияи Шоҳмансур гузаронида мешаванд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо