ДУШАНБЕ. Бо ибтикори Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино дар толори Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон маҷлиси умумии намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" баргузор гардид. Дар он Шамсов С.С. – мудири шӯъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе, Мирзоев Н.-муовини раис, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино ва аъзоёну фаъолони намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд. Мирзоев Н. дар суханронии худ сиёсати кунунии Ҳукумати мамлакат ва Пешвои миллатро дар самти фаъолияти ҷавонон шарҳу эзоҳ дода, даъват бар он дошт, ки ҷавонон бояд бо баҳои хубу аъло таҳсил намуда, чун мутахассиси соҳибмалака дар рушди иқтисодиёти кишвар саҳмгузор бошанд. Дар фарҷоми маҷлис номзадии Нуров Маҳаммадназар Амиралиевич ба ҳайси роҳбари намояндагии ТҶҶ "Созандагони Ватан" дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе пешбарӣ гардида, бо овоздиҳии якдилонаи вакилони маҷлис ба вазифаи дар боло зикршуда интихобот гардид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо