СУҒД. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи дониши наврасону ҷавонон, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии онҳо, даст кашидан аз амалҳои номатлуб, ҳамроҳ нашудан ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ ва тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ, тарғибиодоби ҳамидаи инсонӣ бо ташаббуси шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов бо ҷавонони Ҷамоати деҳоти Ғӯлакандоз вохӯрӣ баргузор гардид. Дар вохӯрии мазкур мудири шуъбаи кор бо ҷавонони КИ ҲХДТ ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷаббор Расулов Набиев Шерзод ва мутахассиси КИН ҲХДТ Худоёров Раҳматулло иштирок ва суханронӣ намуданд. Дар ҷараёни рафти баромад Набиев Шерзод оид ба самтҳои афзалиятноки ҲХДТ, ҳадафҳои барномавии он, риояи талаботи Қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», тарбияи ҷавонон бо ахлоқи ҳамидаву эҳсоси баланди ватанпарастиву худогоҳии миллӣ, дар бораи падидаҳои номатлуби ҷомеа ва терроризму экстремизм суханронӣ намуда, зикр кард, ки мо ифтихорманд ва сарбаланд аз онем, ки ҷавонони мо сазовори боварии боэътимоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гардидаанд. Ин нуқтаҳо ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, худшиносиву худогоҳӣ, руҳияи озодихоҳӣ, ватанпарастӣ, ифтихори миллии ҷавонони саодатманди диёрро баланд бардошта, бори дигар водор месозад, ки то ба қадри неъматҳои бебаҳо, ба мисли Истиқлолияти давлатӣ, Ваҳдати миллӣ, Ватани ободу ором ва арзишҳои фарҳангии хеш бирасем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо