ХАТЛОН. Дар асоси нақша-чорабинҳои намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни ҷавонони деҳаи Абуабдуллоҳи Рeдакии Ҷамоати деҳоти «Панҷ»-и ноҳияи Ҷайҳун бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 60 нафар ҷованон вохeрии судманд таҳти унвони «Ваҳдати миллӣ- дастоварди нодир, сарвати бебаҳо ва таърихии миллати тоҷик аст» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, дар рафти суханрониаш иброз намуд, ки: - Имрeз мо бояд сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм ва сарвати бебаҳо ҳифз намоем, ба қадру манзалати истиқлолият ва давлатдории мустақилона расем, худро ҳамтақдир ва ҳаммароми миллати хеш донем ва аз неъмати бузурги Ватану ватандорӣ ифтихор намоем. ҳифзи дастоварди нодир ва таърихии халқамон ваҳдати миллӣ вазифаи муҳимтарин ва аввалиндараҷаи тамоми мардуми Тоҷикистон, ҳамаи мақомотҳои давлатӣ, ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, хусусан ТҶҶ «Созандагони Ватан» мебошад.
Мо-мардуми Тоҷикистон имкониятҳои зиёди таърихиву фарҳангӣ ва заминаҳои мусоиди иҷтимоии бунёд ва нигоҳдории ваҳдати миллӣ, сиёсӣ ва диниро дорем, ки истифодаи дурусту бамавқеи онҳо барои ҳама шарт ва зарур аст. ҳамеша дар хотир бояд дошт, ки бузургиву устуворӣ ва қудрату uановати ваҳдати миллии мо аз сатҳи худшиносии миллӣ, омeзиш ва корбасти арзишҳои неки миллӣ, ҷанбаҳои созандаи маданияти моддӣ ва маънавии миллат вобастагӣ дорад. Аз ин лиҳоз, ҳар кадоми мо бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошем, манфиатҳои умумимилливу умумидавлатиро аз дигар манфиатҳои шахсӣ ва гурeҳиву ҳизбӣ афзалтар шуморем. Мо бояд шукрона кунем, ки ба чунин рeзгори орому осуда ва сулҳу ваҳдати комил расидем.
Дар баробари ин, бояд саъю талош кунем, ки аз ҷараёни босуръати тараққиёти ҷомеаи ҷаҳони ақиб намонем, наслҳои имрeзу ояндаро ба сeи дастовардҳои илмиву ҳунарӣ, техникаю технологияи муосир, воситаҳои иттилоотии замонавӣ ва омeхтани забонҳои хориҷӣ ташвиқу раҳнамоӣ созем. Гузашта аз ин, дар рeҳияи ваҳдати миллӣ, сулҳу салоҳ, тамкину таҳаммул, ватандeстиву ватанпарварӣ, донишандeзиву меҳнатдeстӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ тарбия намудани насли наврас аз ҷумлаи вазифаҳои асосӣ ва қарзи инсонии калонсолону аҳли зиёи мамлакат ва умуман ҳар фарди ҷомеа мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо