ХАТЛОН. Тибқи нақшаи кори намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Носири Хусрав санаи 24.10.2018 дар маҳаллаи Сангобаи ҷамоати деҳоти «Наврӯз»–и ноҳия бо иштироки васеи ҷавонон бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохӯрӣ дар мавзуи «Нест бод СПИД» баргузор гардид. Роҳбари бахши намояндагии ТҶҶ«Созандагони Ватан» дар ноҳия Остонақулов Шодмонбек баромад карда қайд намуд, ки дар баробари дигар омилҳои хатарзо дар ҷаҳон имрӯз ба генафонди милат паҳншавии бемориҳои сирояткунанда, махсусан беморихои ВИЧ СПИД бисёр ташвишоваранд. Аз ин рӯ донистани бемориҳо, роҳҳои гузариш, пешгирö ва инкишофу авҷгирии онҳо амри зарурист.Тибқи нишондоди омори дар ҷаҳон ҳар рӯз ҳазорҳо нафар ба бемории ВИЧ СПИД гирифтор мегарданд, ки 50% - и инҳо ба ҷавонони аз синни 10 то 25 рост меояд. То имрӯз дар ҷаҳон зиёда аз 35 миллиону 500 ҳазор нафар беморони ВИЧ СПИД умр ба сар мебаранд. Аввалин маротиба дар ҷумҳурии мо шахсони сироятёфтаи ВНМО дар соли 1991 ба қайд гирифта шудаанд. То имрӯз да сатҳи ҷумҳурö тибқи омори бақайдгирифташуда миқдори сироятёфтагон ба 7 ҳазори 376 наффаро ташкил медиҳад, ки 6 ҳазору 705 нафари онҳо ҷавонони синни аз 10 то 39 сола ташкил медиҳад. Қайд кардан лозим аст, ки дар ҳудуди ноҳияи Носири Хусрав ба ин бемори сирояти гирифтор шудагон низ вуҷуд доранд. Дар охири масъулин ҷавононро ба сӯи ояндаи дурахшон ва ҷомеаи солиму бо маърифат ҳидоят намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо