ХАТЛОН. Мактаби роҳбарӣ ва сиёсии Асосгзори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмамалӣ Раҳмон барои мо ҷавонон намунаи беҳтарини давлатдорию давлатсозӣ мебошад, ки омӯзишу пайравӣ намудан бо он қарзи имониву виҷдон ва вазифаи муқаддасу аввалиндараҷа мебошад. Ба ин хотир Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо ҷавонон Литсейи касбии техникӣ №9-и шаҳри Бохтар вохури баргузор намуд. Дар ин вохури намояндаи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан , Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Душанбе Шамсов Сайдали, Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дустзода Афзалшо ва омӯзгорон ширкат варзиданд. Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» Асадуллозода Ватан ба сухан баромада оиди самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ суханрони намуд. Сипас дар идома Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ Дустзода Афзалшо ба сухан баромада оиди «Ташакули фарҳанги техники мардум ба хотири истифодаи дуруст аз технологияи муосир ва шабакаҳои интернекӣ» фикру ақидаи худро ба ҷавонон иброз намуда.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо