ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Қубодиён бо ҷавонони фаоли деҳаи Ҷоназартепаи Ҷамоати деҳоти ба номи Носири Хусрави ноҳияи Қубодиён бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан маромӣ мост!” “Тозаги гарави саломатист!” ва “Мо ҷавонон - Созандаем” вохуриву мулоқот доир гардид. Дар вохурии мазкур Роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳия В. Абдуллоев дар баромади худ қайд кард, ки имруз дар ҷаҳони муосир яке аз масъалаҳои ҷиддие, ки тамоми ҷомеаро нигарон намудааст ин проблемаи тероризм ва экстремизм мебошад. Терроризм ва экстремизм фарогири ҷомеаи имрӯза гардида, ба хатарҳои умумиҷаҳонӣ табдил гаштааст. Имрӯзҳо кишварҳои оламро мебояд дар якҷоягӣ алайҳи ин корҳои номатлуб муборизаи беамон баранд. Ҳамчунин, дар самти тақвият додани ҳуввияти миллӣ ва бедор кардани ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ, баланд бардоштани маърифати динию дунявӣ, сиёсӣ, ҳуқуқӣ, огоҳи додани мардум аз хатарҳои зуҳуроти тероризму экстремизмӣ динию байналмилалӣ, ба роҳ мондани тарбияи дурустӣ оилавӣ, ташвиқи илмомӯзӣ дар миёни наврасону ҷавонон ва ҷалби онҳо ба машғулиятҳои лозими метавонад барои аз байн бурдани ин зуҳуроти номатлуб мусоидат намоянд. Солҳои охир терроризм ва экстремизм ба хатари глобалӣ табдил ёфта, мардуми сайёраро ба ташвиш овардааст. Афзоиши хусусияти ҷиноятҳои экстремистӣ ва террористӣ дошта, ба тавсеа ёфтани терроризм, фаъолшавии унсурҳои тундраву ифротгаро, ҷалби ҷавонон ба сафи гуруҳҳои экстремистиву терористӣ ва иштироки онҳо дар низоъҳои мусаллаҳонаи давлатҳои хориҷи мусоидат менамояд.
Сипас аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”Нуралиев М қайд намуд, ки дар ҷомеаи имрӯза гуруҳои амал менамоянд, ки бо ваъдаҳои дуруғ барои ба даст овардани даромади муфт ҷавононро ба ҳар гунна гуруҳҳо ҷалб намуда, ин боиси даст ба амалҳои ношоиста задани бархе аз ҷавонон гардида истодааст. Инчунин оиди ҳодисаи нангине , ки санаи 29-уми июли соли ҷорӣ дар ноҳияи Данғара ба вуқуъ пайваст яъне ҷавононе, ки ба гуруҳи сайёҳони хориҷи ҳамла намуда, боиси марги 4-нафари онҳо гардиданд сухан намуда, ба иштирокчиён фаҳмонида дода шуд, ки ин амали гуруҳи тераристоне мебошанд, ки фирефтаи хоҷагони зархарид гардида ҳолоҳам мехоҳанд, ки Тоҷикистони ободу хуррамро ҳамчун макони осебпазир ба ҷаҳониён нишон диҳанд. Ин ҷавонон фикр накардаанд, ки натанҳо осоиштагии аҳолии минтақаро балки ҳаёти худ ва наздикони худро зери хатар гузошта умри ҷавони худро барбод додаанд. Ҳеҷ амале бе подошт нахоҳад монд.
Дар фароварди вохури В. Абдуллоев барои рушд додани ҳунару анъанаҳои миллии хеш, омӯзонидани ҳунар ба насли наврас саҳмгузор бошанд. Ба шарофати эълон гардидани соли 2018 ҳамчун рушди ҳунарҳои мардумӣ барои занону духтарон шароит фароҳам оварда шуда, занону духтарон метавонанд бо омӯзиш ва рушд додани ҳунар шароити иқтисодии худ ва атрофиёни худро беҳбуди бахшанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо