ХАТЛОН. Намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” дар ноҳияи Қубодиён бо ҷавонони фаъолони маҳаллаи Гузариболо бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо таҳти унвони “Садоқат ба Ватан маромӣ мост!” вохуриву мулоқот доир гардид. Дар ин Роҳбари ТҶҶ “Созандагони Ватан” В. Абдуллоев вобаста ба самтҳои афзалиятноки рушди ҳунарҳои мардумӣ ва дар ин ҷода беҳбуди бахшидан ба сатҳи некаҳволии мардум, имкониятҳои дастрасии аҳолӣ ба таълим, пешгирии ақди никоҳи хешутаборӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгароӣ сухан намуда, даъват бар он намуд, ки барои расидан ба ҳадафҳои неки Сарвари давлатамон ҳар як фарди ҷомеа саҳмгузор бошанд. В.Абдуллоев дар бораи таърих ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ва ТҶҶ “Созандагони Ватан”, ҳадафҳои барномавии он ва сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, оиди тарзи ҳаёти солим ва пешгири аз паҳншавии бемориҳои сирояти, оиди тарбияи ҳарбии ватандустии ҷавонон ва ҷалби онҳо ба хизмати ҳарбӣ, оиди тарғиби фарҳанги милли ва пешгири аз майли бегонапарасти миёни ҷавонону занон, пешгирии ҷавонон аз ҳизбу ҳаракатҳои тундрав, мулоқоти самимию озодона доир намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо