ХАТЛОН. Мувофиқи нақша-чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и шаҳри Левакант санаи 15.10.2018 дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №7-и шаҳр бо иштироки хонандагони синфҳои болои ва кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант вохўрии судманд баргузор гардид.
Вохўриро мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Валиев Сўҳроб оғоз ва меҳмононро муаррифӣ намуд. Сипас, дар бораи масъалаи мубрами рўз-ахлоқи ҷавонон, ба ҷиноят даст задани ноболиғон, шомил гардидани ҷавонон ба ҳаракатҳои тундрави ифротгаро ва зуҳуроти экстремизму тероризм гуфта гузашт.
Имрўзҳо Пешвои миллат пайваста таъкид месозад, ки ҳушёрии зиракиро аз даст надиҳем, пайваста дар тарбияи насли наврас, ҷавонон саҳмгузор буда ба роҳи рост роҳандозӣ намоем то ки ягон фарди бадхоҳ натавонад фарзандони моро ба роҳи бад роҳандози намояд ба гурўҳҳо ифротӣ шомил кунанд. Ҳамзамон қайд карданд, ки аксари толибилмон телефонҳои мобилиро истифода менамоянд, маҳз ҳамин сабаб мешавад, ки ба ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ, иртиҷоию тундгароӣ бештар шомил мешаванд, таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар байни ноболиғону ҷавонон ин амалҳои номатлуб мушоҳида карда мешаванд.
Аз ин рў падару модаронро зарур аст, ки робитаро бо муассисаи таълимӣ пурзўр намояд ва аз аҳволи фарзандон бохабар бошанд, то ки ба амалҳои номатлуб даст назананд.
Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар шаҳри Левакант Ризомова Гуландом суханрони намуда чунин кайд карданд, ки ҷойи ифтихор ва шукургузорист, ки баъд аз ҳазорсол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихи моро зарур аст, ки дар ҳимояи Ватан ва ҳифзу таҳкими пояҳои истиқлолиятӣ давлатӣ ҳамаҷониба кушиш намоем. Аз ҳамин сабаб месазад, ки имрўз мо ҷавонону наврасон аз як гиребон сар бароварда сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлатро дастгири намуда, барои муарифи кардани ин давлату миллат ба ҷаҳони муосир саҳми арзандаи худро гузорем ва ворисони гузаштагони худ бошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо