ДУШАНБЕ. Мутобиқи дастуру супоришҳои протоколии Маҷлиси назоратии назди Раиси Кумитаи иҷроия дар шаҳри Душанбе Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино бо хонандагони синфҳои болоии муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 43 вохӯрӣ доир намуд.
Дар он Шамсов Саидалӣ – мудири шуъбаи кор бо ҷавонони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Душанбе ва масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Сино иштирок ва суханронӣ намуданд.
Баромадкунандагон, доир ба амалишавии қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, ҷинояткорӣ дар байни наврасон, ҳифзи фарҳангу арзишҳои миллӣ, нигоҳдории гулгашту майдончаҳои варзишӣ, пошхӯрии оилаҳои ҷавон, кушода шудани сарҳади ду кишвари ҳамсояву дӯст Тоҷикистон ва Ӯзбекистон, эҳё намудани ҳунарҳои мардумӣ ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа суханронӣ намуданд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо