ХАТЛОН. Тибқи ҷадвали тасдиқгардидаи ТҶҶ «Созандагони Ватан» кормандони масъул бо ҷавонони деҳаи Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ҷиликул суҳбату вохурӣ баргузор намуданд. Дар вохурии мазкур тамоми самтҳои асосии фаолияти ҷавонон баҳри пешрафти саводнокӣ ва ҷалби онҳо ба китохониву ватандустӣ пешрафти илму техника фаҳмонида шуд. Инчунин дар байни ҷавонони деҳот дар бораи терроризму эктремизм ва шомил нашудани онҳо ба ҳизбу ҳарактҳои ифротӣ аз тарафи масъулин хониши сиёси гузаронида шуд. Муҳтавои баромади масъулинро ҷавонон дарк намуда, зикр намуданд, ки ҳамеша пайрави Пешвои миллат ва ҷонибдории сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо