ХАТЛОН. Намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон “Созандагони Ватан”дар ноҳияи Балҷувон вохурии навбатии худро дар Ҷамоати деҳоти ба номи Сафар Амиршоеви ноҳияи миёни ҷавонон бо мақсади ташаккулу мустаҳкам намудани базаи сиёсиву фарҳангии онҳо таҳти шиори “Мо ҷавонон муҳофизону созандагони Ватан” доир гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки дар суҳбату вохўрӣ намояндагони ташкилоти ҶҶ “Созандагони Ватан” ва мудири бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ, баланд бардоштани савияи дониши хонандагон, омўхтани забонҳои хориҷӣ, дар замири онҳо ҷо намудани хисси ватандўстиву ватанпарварӣ ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, таблиғи либоси миллӣ ва дигар мавзуҳои рўзмара баромад намуда, ҳадафи баргузории чунин суҳбату вохўриҳо чунин арзёби намуданд, ки аз ин ҷо сар карда базаи сиёсиву фарҳангии ҷавонону наврасонро мустаҳкам гардонида, дар оянда ҳамчун ҷавонони содиқу муҳофиз ва ҳимоятгарӣ марзу бум аз нохалафону нобакорон ба Ватану миллат ба камол расонидану ба халқу давлат аз дилу ҷон хизмат намянду ва дар ҷамъият ҳиссаи арзандаи худро гузоштан аст.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо