ХАТЛОН. Рӯзи 29 сентиябри соли 2018 дар Қасри фарҳанги ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ бо ҷалби аъзоёни ТҶҶ "Созандагони Ватан" бахшида ба Рӯзи Мавлоно чорабинии адабию фарҳангӣ баргузор гардид. Нахуст муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ Абдусаломзода А, доир ба бузургии Маволоно Ҷалолиддини Балхӣ ва нақши мондагори "Маснавии маънавӣ" дар тамаддуни башар суханронӣ кард. Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ бузургтарин мутафаккири адабиёти тоҷик аст, ки тавассути ашъори дилпазираш мақоми махсуси ҷаҳонӣ дорад, - таъкид намуд Абдусаломзода А, муовини раиси ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ. Сипас Шеъру сурудхонии аҳли фарҳанги ноҳия ва хонандагони мактаби миёна ба чорабинӣ шаҳомати дигар бахшид.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо