ХАТЛОН «Маҳз туфайли тарбияи ҷавонон дар заминаи арзишҳои манавӣ ва адабиёти ғановатманд мо давлати воқеан муқтадиру тавоноро бунёд карда метавонем»Дар маркази шаҳри Бохтар майдони Теппаи «Бибихонум» чорабини бошукуҳе аз тарафи ТҶҶ «Созандагонӣ Ватан» дар шаҳри Бохтар бахшида ба рӯзи бузургдошти Мавлоно Ҷалолиддини Балхи барномаи фарҳангие барпо гашт. Дар ин чорабини Роҳбари ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар вилояти Хатлон Дилафрузи Абдулло, раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Бохтар Наҷидуллоев Тавакал, намояндаи Бахши ҷавонони мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Бохтар Мирзохонов Искандар, намояндагони шуъбаи маорифи шаҳри Бохтар Баротов Сайҷафар ва Роҳбари ТҶҶ «Созандагонӣ Ватан »дар шаҳри Бохтар Асадуллозода Ватан иштирок намуданд. Дар ин чорабини аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» муассисаҳои таълими шаҳр фаъолона иштирок намуда, аз ашъори устод Мавлоно Ҷалолиддини Балхи шеърхони намуда, аз тарафи КИ ҲХДТ дар шаҳри Бохтар бо сипосномаҳо қадрдони карда шуданд. Дар рафти чорабини аксия таҳти унвони Оғози Даҳсолаи байнанмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ба иштирокчиён, омӯзгорон, хонандагон тақсим карда шуд. Мавлоно Балхӣ аз нобеғагони назми классиикии форс-тоҷик буда, дар арсаи суханварӣ ҳамчун Худованди беҳамтои мамлакати ишқу зебоӣ шинохта шудааст. У инсонро бузургтарин муъҷизаи офариниш мешуморид ва ягонагию иттифоқ ва иттиҳоду ҳамбастагии онҳоро талқин ва тарғиб менамуд. Сулҳу оштӣ, ишқу ошиқӣ, ба ақидаи Мавлоно қодир аст, заминро ба осмон хешу табор гардонад.
Мероси адабии Мавлоно Балхӣ хеле пурсарват ва рангоранг аст. Он аз ҷиҳати нави сухан назму насро ташкил медиҳад. Девони Шамси Табрезӣ, ин дафтари ишқ ва суруди озодии ботинии инсон аст, ин нахмаи эъҷозҳоест, ки салтанати инсонро бар ҳастӣ, заминро бар коинот ишқро бар имон ҳаётро ба марг оштиро ба ҷанг таҳким медиҳад. Шубҳае нест, ки бештар аз ғазалҳои дилошуб ба диқатангези Мавлоно бештар дар маҷлисҳои рақсу саноъ кафзанию пойкубӣ дар зери навҳаи тарабангези дафу чангу рубоб дар суҳбати муносибату дӯстони мувофиқ суруда шуданд. Аз ин ҷост ки аз онҳо ҳамеша нағмаи зиндагӣ суруд ва тарабу хуши ба гӯши хуш мерасад. Шояд аз ҳаминҷост ки аксари ғазалҳои ӯ ҷамбаи ғаноӣ ва мусиқӣ доранд. Аз ваҷҳи муҳтавиёт ғазалиёти Мавлоно дар ишқу ошиқист. Валекин мавзӯъ дар ғазалиёти ӯ ба таври махсус сурат гирифтааст. Ишқи Мавлоно Балхӣ асоси модӣ дошт ва аз моддиёти заминӣ сарчашма мегирифт.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо