ХАТЛОН. Мувофиқи чадвали баргузории сухбату вохурихои бахши намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан» - Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш санаи 28.09.2018 дар махаллаи Хофиз Шерозии чамоати Рудаки сухбату вохурии таъсирбахш бо ҷавонони дехаи мазкур дар мавзуи «Нест бод Спид !» гузаронида шуд.Дар вохурии мазкур рохбари намояндагони ТҶҶ «Созандагони Ватан» -и Кумитаи ичроияи ХХДТ дар нохияи Вахш Худойдод Ёров ибрози андеша намуда кайд намуд , ки Асосгузори сулху вахдати –миллӣ Пешвои миллат Президенти Чумхурии Точикистон мухтарам Эмомали Рахмон дар баромадхои худ оиди зиёдшавии беморихои сирояти сахт нигарони намуда кайд кардаанд,ки Хукумати мамлакат, бо дар назардошти он,ки саломатии мардум шарти мухимтарини пешрафти мамлакт мебошад,ба халли масъалахои вобаста ба тандурустии ахолии эътибори аввалиндарача медихад.
Имрузхо тибки маълумоти СММ хар руз дар чахон 16 хазор нафар аз вируси норасоии масъунияти одам сироят меёбанд, ки такрибан 50%-ро чавонони синнашон аз 14 то 30 ташкил медиханд. Аз рузи пайдо шудани ин бемори дар чахон такрибан 60 млн, нафар одамон аз вируси норасии масъунияти бадан (ВИЧ) сироят ёфтанд, ки аз онхо 20 млн нафар ба халокат дучор шудаанд. Спид бемории сирояти буда, хатари бештар ба саломатии чомеъа дорад. Спид- бемориест, ки онро вируси норасии масъунияти одам ВИЧ ба вучуд меорад. Худи ВИЧ барангезандаи бемории СПИД мебошад, ки бевосита ба хучайрахои худмухофизатии инсон зарар мерасонад. Ба гуфтаи масъулин, аз сабабе, ки ин бемори солхои охир зиёд гардида истодаас, таваччухи асли махз ба ин самт равона шуда, шароити бехатариро дар сохаи тиб бештар ба рох мондаанд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо