ХАТЛОН. Чанде қабл дар ноҳия Ёвон бо иштироки ҷавонони маҳал дар доираи нақшаи чорабиниҳои ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо мақсади ташаккули мафкураи сиёсии онҳо вохeрӣ баргузор гардид. Дар вохeрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ёвон Саёҳат Абдуллоева, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумита Солиҳов Маҳмадрасул, мудири бахши кор бо ҷавонон ва занони Кумитаи иҷроия иштирок намуда, бобати доштани садоқат ба Ватан, баланд бардоштани ҳиси ватандeстии наврасону ҷавонон, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизму ҳаракатҳои ифротгаро, эҳтироми падару модар ва омeзгорон, самаранок истифода бурдани айёми мактабхонӣ, пешгирии бемориҳои сироятӣ ва расидан ба қадри сулҳу суббот ва Ваҳдату Истиқлолияти ҷовидона андешаронӣ намуданд.
Баргузории чунин вохeриҳо тибқи ҷадвал ҳафте як маротиба дар муассисаҳои таълимии ноҳия баргузор карда мешавад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо