СУҒД. Дар партави дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар саросари кишвари азизамон корҳои ободонию бунёдкорӣ рӯз то рӯз ривоҷу равнақ ёфта истодаанд. Рузи гузашта кормандон ва намояндагии ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷаббор Расулов баҳри ободонию тозагӣ дар атрофи бинои маъмурӣ шанбегӣ баргузор намуданд. Кормандон аз субҳ то нисфирӯзӣ тамоми гирду атроф ва утоқҳои кории КИН ҲХДТ-ро тоза карда рангу бор намуданд. Корҳои ободонӣ баҳри «1300 рӯзи зарбдор» бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо