ХАТЛОН. Вохурии кормадони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Муродали Шамсов ва Моҳира Одиаева бо аъзоёни Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №17 баргузор гардид. Зимни вохури Муродали Шамсов бо мақсади ба дарки ҷавонон расонидаи моҳияти хизмат дар сафи артиши миллӣ ҳамчун мактаби ҷасорату мардонаги ва омили асоссии нигоҳ доштани сулҳу суббот, амнияти кишвар суҳбат намуд. Ҳамзамон қайд гардид, ки тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандусти яке аз ҳадафҳои олии ҳукумат ва ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон мебошад. Дар ин миён қайд кардан ба маврид аст, ки ватандустӣ ва ҳифзи марзу буми ватан аз ҳар як ҷавони бо нангу номуси кишвар вобастагии калон доарад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо