ХАТЛОН. Вохурии кормандони масъули кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Муродали Шамсов ва Моҳира Одинаева бо аъзоёни фаъоли Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан»-и муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 14-и ноҳия баргузор гардид. Зимни вохури муовини Раиси ТҶҶ «Созандагони Ватан»-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Муродали Шамсов дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ суҳбат намуд. Сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷиистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тарбияи хештаншиносии мардум ҳадафҳои баланди миллатсозӣ дорад ва татбиrи амалии он вазифаи на танҳо аъзои ҳизб, балки ҳар як шаҳрванди бонангу номуси кишвар мебошад.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо