ХАТЛОН. Дар асоси наҳша-чорабинии намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун миёни хонандагони синфҳои болоии муассисаи таълимии миёнаи умумии №17 бо иштироки роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия Фарҳод Обидзода ва зиёда аз 60 нафар ҷавонон вохурии судманд таҳти унвони «Садоҳат ба Ватан мароми мост!» доир гардид.
Дар чорабинии мазкур Фарҳод Обидзода - роҳбари намояндагии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» дар ноҳия ба сухан баромада, иброз намуд, ки: -имрeзҳо ҷаҳони ноором ва пуртазоди муосир аз ҳар ваҳти дигар бештар инсониятро ба ташвиш ва таҳлука андохтааст. Воҳеаҳое, ки дар Сурия, Ироҳ, Яман, Нигерия, Афғонистон, Покистон, Украина ва баъзе кишварҳои дигари ҷаҳон рух дода истодаанд, нишонаи хатари бузурги ба инсоният таҳдидкунанда мебошад, ки ҳазорон одами бегуноҳро ба коми марг дода, миллионҳоро дар паи пайдо кардани як гeшаи ором ва ҳути лоямуте сарсону саргардон кардааст.
Авҷ гирифтани ҳаракатҳои ифротии динӣ дар кишварҳои мусулмоннишин ва зиёд шудани теъдоди аъзои гурeҳҳои террористиро дидаву мушоҳида карда, ҳар як фарди тоҷикистонӣ ба ин рeзгори ободу осоишта, ба ин давлати соҳибистиҳлолу сарвари оҳил бояд шукргузорӣ намояд, зеро ин рeзгори осоиштаи халҳи тоҷик худ аз худ, бо осонӣ ба даст наомадааст. Биёед, ҳамагон як ба ҳаёти халҳамон дар солҳои навадум назар андозем. Он солҳо, дар натиҷаи ҷанг ва тороҷу яғмогарӣ, ҷумҳурӣ аз ҷиҳати иҳтисодӣ ва молиявӣ хароб шуда, таъмини аҳолӣ бо маводи озуҳаворӣ, пеш аз ҳама, бо нон, комилан душвор шуда, чанд муддат имкони пардохтани маош ҳам набуд. Оҳибати муборизаҳои бемаъно марги бисёре аз ҳамватанон, гуреза шудани мардум ва азобу машаҳҳати моддиву маънавии чандинсола шуда буд. Дар он марҳила ба мардуми тоҷик танҳо сулҳ лозим буду халос, то ки худаш ва пайвандонаш дар Ватани азизи хеш нафаси тоза гираду пораи нони пайдокардаашро бо хотири ҷамъ бо аҳли оилааш тановул кунад.
Аз ин лиҳоз месазад, ки ҳар яки мо шукронаи Ваҳдати миллӣ ва Истиҳлолияти давлатӣ намоем, ки имрeз дар Тоҷикистони биҳиштоси мо тенҷию амонӣ ҳукмфармост. Вазифаи мо дар он аст ҷавонони азиз, ки аз пештара бештар ба ҳам муттаҳид бошем ва зери ливои Ваҳдати миллӣ ва Истиҳлолияти давлатӣ ҳарор гирифта поягузори сулҳу ваҳдат бимонем.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо