ХАТЛОН. Бо мақсади таҷлили бо шукуҳи ҷашни 27–умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳифзу таҳким бахшидан ба комёбиҳои даврони соҳибистиқлолии ватани маҳбубамон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш дар ҳамбастагӣ бо бахши ТҶҶ «Созандагони Ватан» бо иштроки раисони ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ, вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва фаъолони ҳизбӣ дар маркази ноҳия Роҳпаймиоии идонаи ҳизбӣ баргузор гардид. Ҷорабинии мазкурро раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Вахш Маҳмадов О.Н роҳбарӣ намуд. Теъдоди ширкатдорони Роҳпаймоӣ 300-нафарро дар бар гирифта, аз майдони марказии ноҳия то майдони ҷашнвора дар даст Парҷами давлатии Тоҷикистон, Парҷами ҲХДТ ва шиору овезаҳои ҳизбӣ бардошта масофаи беш аз як кмро тай намуданд. Ҷорабинии ҳизбиёни ноҳияи Вахш ҷавобан ба ѓамхориҳои рўзафзун ва заҳматҳои бе нназири Асосгузори Сулҳу Ваҳдати Миллӣ, Пешвои миллат, Призиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон доир карда шуд.
Фикру андешаи худро нависед.
Назарҳо